ХАТЛОН. Саннаи 26 октябри соли чори тибқи нақша чорабинии намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан дар литсейи давлатии №2-и шаҳри Левакант чорабини тањти шиори «Садоқат ба Ватан мароми мост» бо ҷалби зиёди аъзоёни ТҶҶ«Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Кумитаи иҷроия дар шахри Левакант Одинаев Ҷумахон, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шањри Левакант Ризомова Гуландом иштирок ва суханронӣ намуданд. Сухани ифтитоњиро роњбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант Гуландом Ризомова оғоз намуда, кайд намуданд, ки љомеаи муосир, пур аз тахаввулоту бархурдхо буда, ракобати давлатхои абаркудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар чахон шиддат мегирад, падидахои экстремистию террористидошта низ дар шаклу колабхои нави харобиовар зухур карда истоданд. Тибки баъзе маълумотхои омори айни замон дар чахон беш аз 500 ташкилоти террористию экстремисти арзи хасти доранд. Дар худуди Ҷумхурии Точикистон бо карори суди Оли Ҷумхурии Тоҷикистон фаолияти 17 ташкилоти террористию экстремисти манъ карда шудааст, аз чумла гуруҳҳои террористии «Ал-Қоида», «Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон», «Толибон»-и Афғонистон, «Салафия» ва гайрахо. Ҳамзамон қайд карданд, ки химояи марзу бум аз вазифахои муқаддаси ҷавонон маҳсуб меёбад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо