ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кории ТҶҶ “Созандагони ватан” дар ноҳияи Ховалинг, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 10-и ноҳия бо ҷавонони ноҳия вохӯрӣ доир карда шуд. Дар вохурии мазкур роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони ватан” дар ноҳияи Ховалинг Ҷалолудин Қаюмов суҳбатро оғоз намуда, дар мавзӯи «Хатарҳои терроризм ва экстримизм» маъруза кард. Мавсуф дар баромадаш қайд намуд, ки терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон метавонад ба миён ояд. Аз таърих то имрӯз аксарияти амалҳои террористӣ, экстремистӣ бо иштироки «намояндагон»-и дини ислом гузаронида шуда аст. Савол ба миён меояд, ки сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба назари донишмандону таҳлилгарон, аз баски дин (новобаста аз шаклу хусусият) яке аз ҳассостарин ҷанбаи ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, тахрибкорони андешаи солим маҳз аз ин роҳ мехоҳанд ба осонӣ миёни мардум ихтилоф ангезанд. Аз ин хотир вазифаи ҷонии ҳар яки мо аз он иборат аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода баҳри боз ҳам зебову гулгулшукуфо шудани Ватани азизамон тамоми саъю кушишӣ худро ба харҷ диҳем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо