ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш саннаи 27.03.2019 бо ҷавонони маҳаллаи «Меҳробод-10»-и Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳия суҳбату вохўри бо мақсади пешгирии ҳолатҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ пешгирии ин зуҳуроти номатлуби иҷтимои дар ҷомеа миёни ҷавонон доир намуд.Зимни вохурии мазкур нахуст Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш Худойдод Ёров ба сухан баромада қайд кардаанд , ки имрўз дар баробари дигар масъалаҳое, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст ин зиёд ба қайд гирифтани худкуши тариқи ба дор овехтан дар байни ҷавонон аст, ки ба доғи рўз табдил ёфтааст.Ҳамзамон ёдоваршудаанд , ки ҷавонон дар ҳалли мушкилоти рўзгори худ дасти кўтоҳ доранд ва худкуширо танҳо василаи раҳоӣ аз мушкилоти мухталифи ба миён омада мебинанд , ки ҳам тариқи илмӣ ва ҳам тариқи динӣ амали қабул нашуданист. Худойдод Ёров афзуд, барои аз байн бурдани фикри худкўши шахс қабл аз ҳама бар зиндагӣ хушбин бошад ва барои роҳ ёфтани андешаҳои манфӣ дар тафаккураш муқобилият кунад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо