ХАТЛОН. Тибқи нақшаи вохӯриҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрии роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Асадуллозода бо донишҷӯёни факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид. Дар вохӯрии мазкур роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оид ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ин «Пешгири ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ» ба сухан баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, имрӯз мавқеи ҷавонон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст. Аммо, ин ҳама дастгириҳои давлату Ҳукуматро нодида гирифта баъзе аз ҷавонони камсавод ба Ватан -модар хиёнат мекунанд. Пас, моро лозим меояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҳушёру чолок бошему ба амалҳои ноҷавонмардонам хоинони давлату миллат ҷавоби арзанда гардонида тавонем. Дар рафти чорабини муовини роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Бохтар Шукрона Нуруллозода ба сухан баромада, доир ба сиёсати ҷавононпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуд. «Ҳамеша Пешвои миллат ба ҷавони ояндасози кишвар эътимод доранд. Муҳтарам Пешвои миллат таъкид месозанд, ки ҷавононро лозим аст, ки илмомӯзӣ таваҷҷӯҳ карда, техника ва технологияи муосир омӯхта, онҳоро дар зиндагӣ ва кору фаъолияти меҳнатиашон самаранок истифода намоянд», - иброз дошт Шукрона Нуруллозода.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо