ДУШАНБЕ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” мутобиқи супориши протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе” шурӯъ аз 23 октябри соли ҷорї чорабиниҳои варзиширо оғоз бахшиданд.
Дар Литсейи сохтмонии шаҳри Душанбе бозии варзишии волейбол миёни ҷавонон доир шуд, ки дар он 7 даста бо ҳам сабқат намуданд. Маҳорати баланди бозии волейболро дастаи “Муҳандисӣ” ва “Информатика” нишон доданд. Ҳисоби холҳо чунин буд: “Муҳандиси”-“Кӯҳӣ” 2-1 ва “Информатика”-“Нассоҷӣ” 2-0 .
Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳо рӯзҳои наздик ҷамъбаст хоҳад гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо