ДУШАНБЕ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши донишҷӯёни тоҷику ӯзбек зери унвони «Одамон аз дӯсти ёбанд бахт» доир карда шуд.
Дар он масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе , мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои пойтахт, намояндагон аз Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон ва донишҷӯёни тоҷику ӯзбек иштирок намуданд.
Шамсов Сайидалӣ - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сухани ифтитоҳӣ намуда, қайд намуд, ки мақсад аз чорабинии имрӯза ин таҳким бахшидани равобити дӯстонаи ҷавонони тоҷику ӯзбек ва табодули назар намудан аз дастоварду таҷрибаи якдигар дар самти амалигардонии сиёсати ҷавонон ва ба ин васила тақвият бахшидани риштаи дӯстии онҳо мебошад.
Сипас, Қурбонова Ширин Исмоиловна-ходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Таърихи ташаккулёбии дӯстии тоҷикону узбекон», Дилшод Шарифӣ- сардори Раёсати иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Муносибатҳои иқтисодию хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон” маърӯза карданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш оид ба мавзуъҳои матраҳ гардида, миёни аҳли нишаст ва маърузачиён баҳсу мунозираҳои судманд доир гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо