ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кории бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳрӣ Норак санаи 26 октябри соли ҷорӣ бо ҷавонон ва аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри бо вохўрӣ доир гардид. Дар вохўрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизби, дастуру супоришҳо аз Паём, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ меҳанпарастӣ ва гирифтани касбу ҳунарҳо, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, пешгири намудани бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО, эҳтиром ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак аз тарафи мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонон Муслима Ѓуриева баромад карда шуд. Мутахассиси шуъбаи таблиѓот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Парвина Исмоилова дар вохӯрӣ оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуда, нисбат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз хатарҳои террористию экстримисти ва роҳҳои пешгири аз он, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, баромад намуданд. Дар фарҷоми вохўрӣ хонандагон, аъзоёну ҷонибдорони ТҶҶ “Созандагони Ватан” фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида иброз намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо