СУҒД. Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншуносӣ дар байни ҷавонон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №5- ҷамоати деҳоти Меҳробод вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. ба ҳозирин маънии аслии мафҳуми “экстромизм” ва “терроризм”-ро шаҳр дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки террористон мехоханд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд. Ҳамзамон зикр карда шуд, ки моро зарур аст, ки ба найранги фишангарон дода нашуда, аз ин хатари мудҳиши замон дур бошем ва барои мубориза бурдан бар зидди террроризму экстремизм дастаҷамъона, фаъолона ва далерона мубориза барем. Дар охир хонандагон фикру андешаҳои худро оиди терроризму экстермизм баён намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо