ХАТЛОН. Мувофиқи нақшаи фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб вохурии навбати ҷавонони шаҳр баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суҳбат бо хонандагон Фирузи Саидмӯъмин иброз дошт, ки имрӯзҳо барои таҳсили хонандагон тамоми шароитҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат муҳаё гардидааст. Дар ин баробар пеш аз ҳама ғамхории Сарвари давлат нисбати ҷавонону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна хеле зиёд ба назар мерасад. Аз ин рӯ моро мебояд ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари Олии мамлакат мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ пайрави ҳақиқии Пешвои миллат бошем, ба ин минвол дар гулгулшукуфоии ватани азизи худ саҳми худро гузошта ва баҳри пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмати арзанда намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо