ХАТЛОН. Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Балҷувон бо ҷавонони деҳаи Мулкони Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо мақсади мустаҳкам намудани базаи сиёсиву фарҳангии онҳо таҳти шиори “Мо ҷавонон муҳофизону созандагони Ватан” суҳбату вохўрӣ баргузор гардонида шуд.
Бояд қайд намоям, ки дар ин суҳбату вохўрӣ роҳбари намояндагони ташкилоти ТҶҶ “Созандагони Ватан” Муродова Марҷона ва мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷобирова Нозанин оид ба тарбияи ахлоқии хонандагон, пайдо намудани истедодҳои нав, тарбияи насли наврас дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ,нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ,тарғиби либоси миллӣ, мустаҳкам намудани базаи сиёсиву фарҳангии онҳо ва дигар самтҳо баромад намуданд. Ва зикр намуданд, ки хонандагон бояд ҳамқадами замон бошанд, онҳо аз илму техникаи замони муосир бохабар бошанду дар оянда ба мувафақиятҳои нав ба нав ноил гардида, дар ҷамият саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ғамхориҳои рўзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонону наврасон хелоҳам зиёду бар зиёд ба чашм мерасад, ва ин аст, ки сарвари давлат дар ҳар як баромади хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд. Пас ҷавонон бояд соҳибмаълумот гардида, барои ояндаи дурахшони давлату миллат заҳматҳои созандаро ба анҷом расонанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо