ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Дӯстӣ бо ҷавонони кучаи Ваҳдати ҷ/ш 20-солагӣ суҳбату вохурӣ баргузор намуд. Дар рафти суҳбат оид ба мавзуъҳои мубрами руз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст аз ҷумла шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризму экстремизм маъруза шунвонида шуд. Масъулин ҷавононро баҳри баланд гардонидани ҳисси ватандустӣ ва ҳифзи хоки поки ватанамон аз худ намудани илмҳои муосир, бо истифода аз шаббакаҳои интернетӣ мутолиаи адабиётҳои гуногун ҳидоят намуд. Ҷавонони минтақа аз суҳбати пурмуҳтавои масъулин руҳбаланд гардиданд. Дар қисмати дуюми вохурӣ ҷавонон дар якҷояги зери шиори «Ба Ватан содиқона хизмат мекунем» сурудхони намуданд, ки далел аз он буд, ки ҷавонони минтақа сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ дарк намудаанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо