ХАТЛОН. Дар асоси нақша-чорабинии намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун миёни ҷавонони деҳаи Садриддин Айнии Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Фарҳод Обидзода ва зиёда аз 50 нафар ҷованон вохeрии судманд таҳти унвони «Тоҷикистон мо – нигинест дар ҳошияи замин» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода - роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия ба сухан баромада, иброз намуд, ки: - Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёди сиёсӣ, иктисодию иҷтимоӣ ва байналхалқӣ ноил гашт, ки ин бори дигар собит месозад, ки мардуми сарзамини мо таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусти пешрафтро интихоб намудааст.
Дар ба даст овардани ин бурдбориҳои сиёсиву ичтимоӣ дар ҷомеаи имрeзаи мо ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ низ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз зумраи он ҷамъиятҳои сиёсие мебошад, ки дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, сифатҳои наҷиби ахлоқию маърифатӣ ва маънавии аъзоёнаш такя намуда, uайрату идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар раванди мэъмори ҷомеаи демократӣ дар кишвар нақш ва мавқеи хоса дорад, бо татбиқи максадҳои худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва миллӣ , худшиносиву худогоҳӣ, роҳнамоии шаҳрвандон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат пайваста талош меварзад. Зеро максаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дархосту манфиатҳои мардум хамоҳанг мебошад ва ҳизби мо бояд дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба нерӯи зеҳнии халқ такя намояд. Бояд зикр намуд, ки Истиқлолияти давлати арзишмандтарин дастоварди милли мебошад, ки ҳазорсолаҳо миллати кӯҳанбунёди мо онро орзу мекард.
Аз ин лиҳоз моро, махсусан ҷавонони бонангу номусро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадру эҳтироми ин дастоварди бебаҳои таърихии худ расида, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо