ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони ватан» дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади ташакулли мафкураи сиёсии ҷавонон миёни ҷавонони фаоли ноҳия вохурӣ дори намуд. Дар вохӯрии мазкур С.Алиев сӯҳбатро оғоз намуда доир ба хатари терроризм ва экстремиз ва оқибатҳои нангини он суханрони кард. С. Алиев қайд кард, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое бехатартарин ба шумор рафта ба рӯйхати 12 давлати бехатартарини рӯи замин ворид гаштааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар тамоми дунё намунаи ибрат гаштааст.
Мутаасифона ҳолоҳам ҳастанд бадхоҳони ин сарзамин, ки мехоҳанд ин мамлакати ободу зеборо ба хун оғушта карда ин диёрро ба давлати ҷангзада табдил диҳанд. Яке аз чунин шахсиятҳо сарвари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Новобаста аз оне, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти расмии ҲНИТ иҷозат дода буд, ин хоинон, намакро хурда ба намакдон туф карданд, ва бар Ҳукумати Тоҷикистон муқобили баромаданд. Айни ҳол М.Кабирӣ дар хориҷӣ кишва қарор дошта бошад ҳам ҷавонони моро ба доми фиреби худ кашида, бо дасти онҳо амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ҳодисаи террористие, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба вуқуъ омад бо сенарияи тартибдодаи ин хоини миллат буд.
С. Алиев хонандагонро барои аъзо шудан ба ТҶҶ «Созандагони ватан» ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват намуд.
Нозири калонӣ ХПҲНҶ ШВКД дар ноҳияи Ховалинг маёрӣ милитсия Кабудзода Қ К доир ба масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ намуда хонандагоро барои риояти талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд », истифода набурдани телефонҳои мобилӣ , бо ҷавоҳиротҳои заргарӣ ворид шудан ба саҳни мактаб, нарфтан ба марказҳои дилхушӣ (Бар) , машғул нашудан ба савдои кӯчагӣ, ин чунин дар кӯчаҳо бо петартибӣ роҳ надодан, даъват намуд.
Дар охир муовини диретори мактаб Ташрифов ба намояндагони ТҶҶ «Созандагони ватан» ва ШВКД дар ноҳияи Ховалинг барои чунин як сӯҳбати пурмазмун ва самимӣ изҳори минатдори намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо