ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҷавонон ва аъзоёни Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар деҳоти Чубеки Ҷамоати деҳоти Чубек вохурӣ баргузор намуданд. Зимни вохeрӣ Муродали Шамсов дар бораи тафакури сиёсӣ ва шинохти миллии ҷавонон суҳбат намуд. Тоҷикистон давлати ҷавон ва ҷавонон буда,қисми бештари он яъне, зиёда аз 60%-и аҳолиро ҷавонон ташкил менамоянд. Таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли оядасози миллати тоҷик ба татбиқи бевостаи сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон нигаронида шуааст. Бо ин дастгирию таваҷҷуҳ саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаълонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат бо таклифи Пешвои миллат соли 2017 соли ҷавонон эълон гардид. Инчунин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, ба Ватану миллати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо