ХАТЛОН. Вохӯрии навбатии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҷавонон ва аъзоёни Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан дар деҳаи ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Чубек баргузор гардид. Зимни вохури Моҳира Одинаева дар бораи ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами ҷавонпарвар нисбати ин қишри ҷомеасоз сухан ронд. Дар суханрониашон қайд карданд, ки таъсиси Квотаҳои Президентӣ барои ҷавонони манотиқҳои дурдасти кишвар, ки аз соли 1997 то инҷоиб амал мекунад, садҳо ҷавонони болаёқату донишманди мо маҳз тибқи Квотаи Президетӣ сазовори номи пуршарафи донишҷӯӣ дар кишвар ва хориҷи кишвар мегарданд. Ин аст, ғамхории давлату ҳукумати Тоҷикистон алалхусус Пешвои милатамон нисбати ҷавонон, ки ҳама ташабусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо шароит фароҳам меорад. Ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбати ҷавонон ин буд, ки дар суханрониашон дар ВМКБ ба соҳаи тандурустӣ ва Вазорати маъориф супориш доданд,ки барои ҷавонони хоҳишманду лаёқатманд дар соли оянда 70 Квотаи Президенти барои Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон омода намояд. Рӯз то рӯз шумораи Квотаи Президенти дар кишвар ва берун аз кишвар барои ҷавонон афзуда истодааст. Пас наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан ва бунёдкорӣ равона созанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо