ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали баргузории сухбату вохурихои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар нохияи Вахш вохурии навбатии худро бо ҷавонони деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати 20 солагии Истиклолияти ноҳия дар мавзуи «Нест бод Спид !» баргузор намуд. Дар вохурии мазкур рохбари намояндагони ТҶҶ«Созандагони Ватан» Худойдод Ёров ибрози андеша намуда кайд кард, ки СПИД бемории сирояти буда хатари бештар ба саломатии чомеа дорад. Ин бемори аз аввалхои солхои 80-и асри ХХ маълум аст. Тибки маълумоти Барномаи СММ оид ба мубориза алайхи СПИД хар руз дар чахон 16 хазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки такрибан 50%-ро нафарони аз синни 14то30 сола ташкил медиханд. Аз рузи пайдо шудани ин бемори дар чахон кариб 60 млн нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан яъне аз ВИЧ сироят ёфтаанд, ки аз ин шумора 20млн нафарашон ба халокат расиданд. Вируси норасоии масъуняти одам ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Ба ВИЧ новобаста аз сину сол, миллат мардхо, занхо ва хатто кудакон метавонанд гирифтор шаванд. Дар охир масъулин ҷавононро ба сӯи ояндаи нек ва ҷомеаи солим ҳидоят намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо