СУҒД. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баҳри дар сатҳи олӣ ва саривақт гузаштани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ як қатор корҳои таблиғотиро ба сомон расонд. Бо ин мақсад бо донишҷӯёни Литсейи Айнӣ, Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия, шаҳраки Сарвода ва ҷавонони ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Дар-Дар вохӯриҳоро ба роҳ монд. Дар вохӯриҳо раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, доир ба дӯст доштани Ватан ва омодагии ҳамешагӣ доштан ба ҳимояи он бо овардани мисолҳои мушаххас сӯҳбат намуд. Дар сӯҳбат ҷавонон бо рӯҳияи мардонагӣ аз омода буданашон ба ҳифзи Ватани маҳбуб изҳори ақида намуданд, чанде аз ҷавонон изҳор доштанд, ки хоҳиши ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтанро доранд. КИ ҲХДТ ҳамкориро бо комисириати ҳарбии ноҳия оиди даъвати ҷавонон пурзур намуд. Ҳамзамон дар ҳама деҳаҳои ноҳия гуруҳҳои тарғиботи ташвиқоти аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ҲХДТ оиди даъват ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ вохуриҳо доир намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо