ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав вохӯрии навбатии худро бо иштироки васеи ҷавонони ноҳия бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони «Садоқат ба Ватан мароми мост» баргузор намуд. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Ш. ба сухан баромада қайд намуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке ах ҳадафҳои олии Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Кувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудоифиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд. Дар баромади мазкур таъкид карда шуд, ки хизмат ба Ватан- Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин миён ба боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми ватан оғоз меёбад ва ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад аз инрӯ бояд ҳар як ҷавони бо нангу ори милат ба адои ин марзу бум омода бошад. Чунки мо ҷавонон ояндаи миллати сарбаландамон ҳастем, бояд донем, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз асту ҳам фарз.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо