ХАТЛОН. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хотири аз байн бурдани падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна гуруҳҳои ифротӣ, ба ин васила баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, муқаддас будани Ватан, модар, сулҳ ва арзишҳои дигарро фаҳмонидан бо ҷавонони ноҳия вохурӣ баргузор намуд. Дар вохурии мазкур роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Нуруллоев Саъдулло, ба сухан баромада оиди «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз хатари терроризму экстремизм пешгирӣ намудани онҳо аз шомилшави ба гуруҳҳои тундгаро фикру ақидаи худро баён намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо