ХАТЛОН. Вохурии намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҳамадонӣ Муродали Шамсов ва Моҳира Одинаева бо ҷавонони деҳаи Меҳрвари Ҷамоати деҳоти Чубек баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъулин дар мавзуи ба дарки наврасону ҷавонон раснидани моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омилӣ асосии нигоҳ доштани сулҳу субботу амнияти кишвар сухан ронданд. Дар ин миён ба боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор ва шукргузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо