ХАТЛОН. Бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон таҳти унвонии «Садоқат ба Ватан мароми мост» вохӯрии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки васеи ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Дар суҳбат роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуд. Сипас Сармутахассиси бахши ҷавонон Ҷамахони Бобохон оиди аз байн бурдани таасуби динниву хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм, роҳҳои пешгири аз шомилшави ба гуруҳҳои ифротӣ, тарғиби фарҳани миллию аз байн бурдани бегонапарастӣ, ба дарки ҷавонон расонидани моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асоссии нигоҳ доштани сулҳу субботу амнияти кишвар баромад намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо