ХАТЛОН. Вохӯрии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан “дар ноҳия Ҳамадонӣ Моҳира Одинаева ва Муродали Шамсов бо ҷавонони деҳаи Ориёно ва Ҷамоати деҳоти Чубек баргузор гардид. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияиҳХДТ дар ноҳияиҳамадонӣ Муродали Шамсов ва Моҳира Одинаева дар бораи дастовардҳои даврони истиқлол, интихоби дурусти касбу кор ва фаъол гардонидани ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ бо ҷавонон сӯҳбатҳои пурмуҳтаво доир карданд. Ҳамзамон қайд гардид ҷавонони моро мебояд бештар ба илму донишҳои замони муосир ру оваранд то дар оянда бо савияи баланди илму дониш ва касбу кори интихоб кардаи хеш номбардори миллату давлати хеш гарданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо