СУҒД. Аксияи ноҳиявӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем»-ро дар миқёси ноҳия ҳамчун чорабинии хусусияти тарбиявӣ-ватанпарварӣ дошта ҳамагон пазируфта, рӯз то рӯз бо ташаббусҳои наҷиб мақбули шаҳрвандон гардида истодааст. Дар доираи аксияи мазкур ТҶҶ «Созандагони Ватан» то имрӯз як зумра корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро байни мардум роҳандозӣ намуд. Рӯзи гузашта бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» 45 нафар хонандагони гимназияи рақами 1 шаҳраки Шайдон аз қисми ҳарбии 14356Б Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Хонандагонро роҳбарияти қисми ҳарбӣ хуш истиқбол намуда, сараввал ҳамагонро бо шароити зисти сарбозон шинос намуданд. Ва дар ин хусус байни наврасону ҷавонон ва афсарону сарбозон сӯҳбати озод ба амал оварда шуд. Сипас мактабиён бо яроқу аслиҳаҳо, техникаҳои ҷангӣ шинос шуда, ҳамчунин дар машғулияти сиёсии аскарон иштирок намуданд. Баъдан ба ҳозирин аз ҷониби ҳарбиён машқҳои ҷангӣ намоиш дода шуд. Дар интиҳо ҳамагон акси хотиравӣ гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки хонандагон аз ин чорабинӣ бо таассуроти калон баргаштанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо