СУҒД. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-уми шаҳр, ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ», мудири шӯъбаи кор бо занон Раҳимова М.А. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Г.М. тасмим гирифтан бо иштироки ҷавондухтарону ҷавонписарон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» аксияи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 баргузор намояд.
Мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А. дар суханронӣ бо ҷавонон қайд намуд, ки об сарвати бебаҳо, об сарчашмаи ҳаёт буда, имрӯз он ба ҳимоя, тозагию покизагӣ ва сарфакорона истифода бурдан ниёз дорад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бобати Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» қатънома қабул гардид. Ин боз як далели барҷастаи муносибати оқилонаву башардӯстонаи Пешвои муаззами тоҷикон нисбат ба об аст, ки мо мардуми соҳибистиқлол онро ба пуррагӣ якдилона дастгирӣ менамоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо