ДУШАНБЕ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72- вохӯрӣ доир карда шуд.
Баромадкунандагон дар мавриди ҳифзи арзишҳои маънавию инсонӣ,, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон, нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, кушода шудани сарҳади ду кишвари ҳамсояву дӯст Тоҷикистону Ӯзбекистон, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуданд
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо