СУҒД. Дар раёсати КИВ ҲХДТ ҳамоиши ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир шуд, ки дар он муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён, раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Абдулло Раҳмонзода, раиси КИВ ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода, ҳамчунин раисони кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии шаҳру навоҳӣ иштирок намуданд. Нахуст, қарор оид ба рӯзномаи конференсия тасдиқ карда шуд. Сарфароз Фаттоҳзода раиси КИВ ҲХДТ аз рӯйи масъалаи якум суханронӣ намуда, Фирдавс Саидов, номзад ба вазифаи роҳбари намояндагии вилоятии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро муаррифӣ намуд. Ҳамин тавр, роҳбари нави ТҶҶ “Созандагони Ватан” интихоб ва ҳайати 11 нафаринаи он тасдиқ шуд. Абдулло Раҳмонзода раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” зимни суханронӣ аз ҳадафҳои фаъолият ва иқдомҳои наҷиби ин ташкилот сухан кард. Гуфта шуд, ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар пиёда сохтани ҳадаф ва барномаҳои ҳизбӣ нақши барҷаста дошта, дар атрофи ғояҳои ҲХДТ ҷавонони созанда, солимфикру пешбар ва болаёқатро мутаҳид месозад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки “Созандагони Ватан” нерӯи бузург буда, мақсади ин ташкилот созандагӣ буду ҳаст ва чунин хоҳад монд. Абдулло Раҳмонзода раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки тафаккури милии баланд дошта бошанд ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар роҳи пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон, аз қабили терроризм ва экстремизм, фасод,нашъамандӣ, таассуби динӣ нақши созанда гузоранд. Сипас, нақшаи фаъолияти намояндагии вилоятии ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои семоҳаи чорум тасдиқ ва ироа карда шуд. Рано Маҳмудзода Бобоҷониён муовини Раиси ҲХДТ перомуни худшиносӣ сухан кард ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бештар ба мутолиа рӯ оранд. Таъкид шуд, ки дар ҷахони муосир шабакаи интернетӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ҷиҳати густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм васеъ истифода бурда мешавад, аз ин лиҳоз, зурур аст, ки ҷавонон аз фарҳанги кор ва истифодаи интернет бархурдор бошанд. Сипас, ба раисони кумиҷроияҳои ноҳияи Мастчоҳ ва Зафаробод аз ҷониби муовини Раиси ҲХДТ Рано Бобоҷониён шиносномаи нақлиёти хизматӣ супорида шуд. Дар қисмати музокира раисони кумиҷроияҳои Зафаробод ва Мастчоҳ суханронӣ намуда, ваъда доданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафу иқдомҳои наҷиби ҲХДТ минбаъд боз ҳам ҷоннок мекунанд. Ҳамин тавр, ҳамоиши ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд ҷамъбаст шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо