ХАТЛОН. Бо ибтикори намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии масъулин бо ҷавонони маҳаллаи Иттифоқ ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ суҳбату вохурӣ баргузор намуд. Дар рафти вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои асосии фаолияти ҷавонон баҳри пешрафти саводнокӣ ва ҷалби онҳо ба китохониву ватандустӣ пешрафти илму техника фаҳмонида шуд. Инчунин дар байни ҷавонони маҳалла дар бораи терроризму эктремизм ва шомил нашудани онҳо ба ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ аз тарафи масъулин хониши сиёси гузаронида шуд. Муҳтавои баромади масъулинро ҷавонон дарк намуда, зикр намуданд, ки ҳамеша пайрави Пешвои миллат ва ҷонибдории сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо