ХАТЛОН. Тибқи нақшаи фаъолияти ТҶҶ ”Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 суҳбат доир гардид. Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ХҲДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ХҲДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни вохӯрӣ Мунаввараи Бозоралӣ иброз дошт, ки бо мақсади ташаккул додани мафкураи сиёсию фарҳангии хонандагони синфҳои болоӣ ТҶҶ ”Созандагони Ватан” тасмим гирифтааст, ки дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нишасту мулоқотҳоро доир намояд. Мақсади дигари ташаббуси мазкур ин аст, ки ҷавонону наврасонро, ки ояндаи давлату миллатанд, дар руҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва садоқат ба ватану миллати хеш тарбия намудан иборат мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо