ХАТЛОН. Тибқи нақша чорабинии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандаголни Ватан” дар ноҳияи Кӯшониён роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандаголни Ватан” дар ноҳияи Кӯшониён Асроров С ва ҷонишини директор оид ба таълим Расулов Қ инчунин омузгорони муассиса иштирок намуда, баргузории суҳбатҳо бо ҷавонони деҳа бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо дар мавзуҳои омухтани таърихи миллату давлати тоҷик ба хотири хифзи манфиятҳои миллӣ ва ҳимояи давлату миллат, огоҳонидани ҷавонон аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ҷалби онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ, ки ақидаҳои нопоку хоинонаи ин гуруҳҳо барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, бо роҳи фиреб ҷалб кардани ҷавонон ва истифодаи онҳо барои манфиаҳои худ, садокат ба ватан тули таърих аз ҷониби қаҳрамонони миллат ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободӣ ва шукуфоии ватани азизамон, омухтани илму дониш ва техналогияи муосир ба хотири мутобиқ сохтани чомеаи имрӯзаи кишвари азизамон ба ҷомеи пешрафтаи ҷаҳонӣ, таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ва сабақҳои таърихии милати тоҷик, пайрави аз конунҳои амалкунандаи барои манфияти чомеи имрӯза ва ба хотири омода намудани ҷавонону наврасонро дар руҳияи инсондустӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст.
“Ҷавонон бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошанд, талаботи замонро пайваста эҳсос намоян, аз дастовардҳои илму техникаи муосир кафо намонанд, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гарданд, ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархурдхъои ҷаҳонӣ ҳимоя карада тавонанд”.
Дар фарҷоми вохӯрӣ хонандагон бо саволҳои додаашон ҷавобҳои қаноатбахш гирифта аз баргузории чунин маҷлис изҳори миннатдори намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо