ХАТЛОН. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Норак бо иштироки роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИШ ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар байни ҷавонон вохурӣдоир гардид. Дар вохӯрӣ Муслима Ғуриева оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад карда сипас Ғафурзорда Фирдас оид ба Сафарҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон, аз байн бурдани таассуби диннӣ ва хурофотпарастї, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳхои пешгири аз он, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо корупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо