ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон таҳти унвони «Садоқат ба Ватан мароми мост» суҳбат доир гардид. Дар суҳбат раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Ҳайдаров ва намояндаи ин муассиса Холов Юсуф суханронӣ намуданд. Сипас Сармутахассиси бахши ҷавонон Ҷамахони Бобохон оиди аз байн бурдани таасуби диннӣ аз хурофотпарастӣ, баландбардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз он, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳангӣ бегона, пешгири аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба дарки ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонаги ва омили асоссии нигоҳ доштани сулҳу суббот ва амнияти кишвар баромад намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо