ХАТЛОН. Дар асоси нақша-чорабинии намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун ҷавонони кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Фарҳод Обидзода ва зиёда аз 80 нафар ҷованон вохӯрии судманд таҳти унвони «Ватан боиси ифтихорам туӣ!» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода - роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия ба сухан баромада, иброз намуд, ки: - Вазъи сиёсии дунё имрӯз ба ондалолат мекунад, ки бисёре аз кишварҳои олам дар ҳолати нигаронӣ аз воқеҳои сарзада перомуни ДИИШ ва фаъолияти он мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки аксари аҳолии онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад, аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметовонад. Аз ин рӯ, мувофиқидастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳторҳои кудратӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар холатиомодагӣ карор доранд. Аз як тараф васоити ахбори омма ва аз тарафи дигар зиёиёну равшанфикрон дар роҳи нишон додани симои аслии ТТЭ ҲНИ, ДИИШ ва оқибатҳои маргвори амалиётҳои онҳо ба мардум хизмати арзандае карда истодаанд. Зеро идеяҳои ин ду ташкилоти террористи экстремистӣ ба кишварҳои гирду атрофе, аз он ҷумла бо Тоҷикистони мо низ, роҳ ёфта, ҷавонони беҳабарро ба домихуд кашида, барои анҷом додани амалу кирдорҳои uаразноки худашон истифода бурда истодаанд.
Вазъи сиёсии кишвари мо айни ҳол ором аст, вале баъзе моҷарову ихтилофҳо миёни ҳизбҳои сиёсиюдавлат метавонад ин вазъиятро ноором созад. Аз ҳамин рӯ, гирифтанипеши роҳи онҳо, нуқта гузоштанба фаъолияти он вазифаи ҳукумат ва мардуми бедордил мебошад.
Пӯшида нест, ки ТТЭ Ҳизби Назҳати Ислом аз рузҳои аввали фаъолияташ сиёсати душманона, ғаразнок ва мақсаднокро пеша карда, дар сафҳои худ одамони аз давлату миллат норози, шаҳсониҷиноятпеша ва ё ба эксремизм майлдоштаро гирд оварда, ҳар сари ҷанд вақт дасисае ё иғвоеро дар фазои сиёсии кишвар роҳандозӣ мекунад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо