ХАТЛОН. Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдулҷабор бо ҷавонони деҳа дар мавзуи «Садоқат ба Ватан мароми мост» вохурӣ анҷом доданд. Вохӯрӣ баҳри дар як руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ тарбият намудани насли ҷавону наврас ва таблиѓу ташвиқи роҳ ба суи созандагиву бунёдкорӣ сурат гирифт. Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Неъматов Абдулҷабор инчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯз суханрони намуда ҷавононро ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ таъкид дошт. Қисмати интиҳои вохурӣ бо саволу ҷавобҳои ошкоро сурат гирифта хонандагон аз баргузории чунин вохуриҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо