АНДЕША. Дар шароити муосири густариши босуръати раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як миллату давлат нисбати ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Дар ин росто алалхусус ҷавонон, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, нақши аз ҳама муҳимро дар пешрафту тараққиёти ҳар як давлат ва ҷомеаи миллӣ иҷро мекунанд. Азҷумла, дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол низ, онони бору номуси тоҷик нақши бузургу калидиро ифо мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат дониста, халли мушкилоту масъалаҳои хаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намудааст. Чӣ хеле ки аз маълумоти навини оморӣ натиҷа гирифтан мумкин аст, шумораи умумии шаҳрвандони то 30 - солаи Тоҷикистон беш аз 5 миллиону нафар, яъне 70 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандиву ватандӯстӣ, ҳомили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ ва соҳиби илму ҳунар ва касбу пешаҳои муфид шудани онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Конистутсия ва қонунҳои демократии ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таъмини тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандиву инсонии онҳоро кафолат медиҳанд. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир омилҳои хатарноку фаромиллие вуҷуд доранд, ки дар сурати адами муборизаи босуботу муташаккилона зидди онҳо, метавонанд ҷавонон, ин қувваи бузургро аз шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ берун кашида, онҳоро ба қувваҳои зиёнкори аҳриманӣ бипайванданд. Чунин омилҳои хатарнок ба амнияти миллии тамоми давлатҳои соҳибистиқлол таҳдид менамоянд, бинобар ҳамин, бартараф кардани онҳо ҳамкориву мушорикати фаъолонаи ҳамаи кишварҳои соҳибистиқлоли ҷаҳонро тақозо менамояд. Яке аз чунин омилҳо – зуҳуроти номатлуби ифротгаройӣ дар ҷомеа мебошад. Чуноне ки маълум аст, зуҳуроти ифротгароӣ барои фарҳанги милливу динии аҳолии муқимии Тоҷикистон, ки аксаран пайрави мазҳаби таҳаммулпарвари ҳанафӣ мебошанд, тамоман бегона ва ноошно мебошад. Моҳияти ғояи ифротгароийи динӣ чунин аст, ки он мафҳумҳо ва арзишҳои диниро аз мафҳумҳо ва арзишҳоми милливу умумибашарӣ ҷудо намуда, онҳоро бо ҳам муқобил мегузорад. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси густариши терроризм ва радикализми динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, зимнан, дар ҳар як кишвари соҳибистиқололу миллӣ монеи таҳкими истиқлолияти давлатӣ тавассути ваҳдат ва ташаккули худшиносии миллӣ мегардад.
Чӣ тавре ки гуфтем, зуҳуроти ифротгароиӣ бо асли дини мубини ислом бегона мебошад. Мутаассифона, бархе ашхос ва гурӯҳҳои сиёсӣ зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амали кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи чавононро захролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва ҷавононро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ифротгароиву хурофотпарастӣ солҳои охир дар ҷомеа махсусан дар байни насли ҷавон ба як бемории сирояткунандае табдил ёфтааст ва бояд дар табобати он тамоми равшанфикрони ҷомеа кӯшиши ба харҷ диҳанд.
Дар ин сурат ҷавононро лозим меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи чаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҳоло дар ҷаҳони пуртазод шумораи зиёди ташкилотҳои терророристи ба қайд гирифта шуда, ҳарсола дар асоси ҳодисаҳои террористӣ ва умуман бо айби террористон ҳазорон нафар гирифтори марг мегарданд. Омили асосии сирояти ғояи ифротгароӣ ба зеҳну шуури бархе аз ҷавонони тоҷик - намояндагони равияҳои Ваҳҳобия, Салафия, ва Ҳизбуттаҳрир мебошанд. Ин ташкилотҳо, ки фаъолияти онҳо тибқи қонун дар қаламрави кишвари мо мамнӯъ мебошад, то имрӯз бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ пинҳону ошкоро дар байни ҷавонон ба тарғибу ташвиқ машғуланд, ки ин амали онҳо ба амнияти шаҳрвандон халали ҷиддӣ ворид менамояд. Илова бар ин, чуноне ки аз расонаҳои хабарӣ огаҳӣ дорем, баъзе аз кишварҳои мусулмонӣ, ки дар онҳо ҷараёнҳои хатарноки динӣ пазируфта шудаанд, бо роҳу воситаҳои гуногун мехоҳанд идеологияи экстремистии худро дар дигар кишварҳо паҳн созанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо ин васила «хоҷагони хориҷӣ» ба тафаккури ҷавонон таъсир расонда, онҳоро ба ҷиҳод ва амалҳои террористӣ даъват менамоянд. Омили дигари таъсиррасон дар раванди ифротгароийи динӣ - ин дар мактабҳои ғайрирасмии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намудани наврасону ҷавонон мебошад. Онҳо ғайриқонунӣ дар Покистон, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Сурия ва Миср таълимоти динӣ гирифта, ҳисси ватандӯстию хештаншиносии худро гум мекунанд. Дар ин самт барои бартараф кардани хатари ифротгароӣ таҳкими низоми таълиму тарбия ва мктабу маориф хеле муҳим мебошад. Ҳap як фарди ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд соҳиби дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Омӯзгорон, мутасаддиёни шуъбаҳои маорифро зарур аст, дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, ба зеҳну шуури ҷавонон таъсири мусбат расонанд.
Айёми ҷавонӣ беҳтарин ва пурсамартарин давраи камолоти зеҳниву ҷисмонии инсон мебошад. Идеологҳои ифротгароӣ моҳияти синнусолӣ ва дарки давраи гузариши ин даврони пурмаҳсулро хуб дарк намуда, кӯшиш мекунанд, ки ғояҳои нопоку зишти худро пеш аз ҳама дар байни ҷавонону наврасон паҳн карда, онҳоро бо ҳар роҳу восита ба худ моил менамоянд. Ҳамзамон, ифротгароён таълиму тадриси бархе аз илмҳои дақиқ мисли химия ва физикаро инкор менамоянд, ки ин умуман хилофи таълимоти Қуръону Ҳадис мебошад. Паёмбари ислом дар ҳадисҳои худ касби ҳама гунна илму донишҳои заруриро таъкид месозад. «Аз гаҳвора то гӯр дониш биёмӯз», маънии илмҳои замонавиро омӯхтанро низ дорад. Аз ин рӯ низоми таҳсил бо дар назар гирифтани манфиатҳои давлати миллии дунявӣ ва арзишҳои дини аслии дини мубини ислом ба роҳ монда шавад. Мо бояд насли наврасро дар асоси арзишҳои миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба инсони комил, ки беҳтарин офариниш ва ҳадяи Худовандист, тарбия намоем.
Натанҳо мактабу маориф, балки оила, ВАО ва ҳамаи ниҳоҳои ҷамъиятиву давлатӣ низ дар таълиму тарбияи насли наврас бағоят нақши муайян мебозанд. Дар ин росто алалхусус баргузор намудани вохӯрию мулоқот бо иштироки донишҷӯён, хонандагон, аҳли ҷомеа ва фаҳмондани хатари падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба монанди терроризм, экстремизм ва муборизаи зидди онҳо ба манфиати кор аст. Барои тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ зарур аст, ки аз матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва интернет самаранок истифода барем. Агар дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ барномаҳои махсуси тарбиявӣ-идеологӣ омода ва пахш шаванд, ҷаҳонбинии ҷавонон васеъ мегардад.
Хулоса, ба андешаи мо яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз макру фиреби ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ - онҳоро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогохӣ ва хуввияти миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардан аст. Дар ин самт алалхусус ташкили озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва тарғиби варзиш дар байни ҷавонон хеле муҳим мебошад. Боиси хушнудист, ки солҳои охир ҷавонони тоҷик дар ин гунна озмунҳову мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Бо шарофати варзишгарони ҷумҳурӣ ҳар сол чанд маротиба парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гӯшаву канори олам парафшон мегардад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Роҳи дигари пешгирии сирояти ифротгароӣ ба ҷавонони тоҷик – вусъати корҳои тарбиявию таблиғотӣ бо ҷавонон бо ширкати донишмандон ва исломшиносони маъруф мебошад. Уламо ва донишмандони маъруфи исломшиноси тоҷик бояд ҳамеша ҷавононро хотирнишон созанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои ифротгарои динӣ нашаванд, зеро намояндагони ин ҳаракатҳо дину мазҳаб надоранд ва мақсади ниҳоии эшон ин аст, ки дар зери ниқоби дини мубини ислом ғаразҳои нопоки хешро амалӣ намуда вазъи ҷомеаро ноором намоянд.
Чавононро лозим аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза истифода бурда, дониш омӯзанд ва саҳмашонро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан бо тааммул андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки инсонҳои тааммулпазир ба ҳадафҳояшон мерасанд. Ҷавонони тоҷик бояд ба қадри соҳибистиқлолии кишвари азизамон расида, суботи комили ҷомеаро, ки бо ҷонбозиҳои зиёд ба даст омадааст, ҳифз намоянд.
Хамин тариқ, пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми динӣ-сиёсӣ вазифаи танҳо ниҳодҳои дахлдор нест, балки тамоми аҳли ҷомеа аст. Самаранокии мубориза бо экстремизми динӣ дар бисёр ҳолатҳо аз риояи талаботи қонунҳо, ки тарғибу ташвиқи барангехтани кинаву адовати миллӣ, низои иҷтимоӣ, нажодӣ ва диниро манъ намудааст, вобастагӣ дорад. Чавонони тоҷик бояд ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек пурмаҳсул меҳнат намуда, дар таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ фаъолона ширкат намоянд. Онҳоро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд ва баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азиз сина сипар созанд. Чи тавре ки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: «Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд». Ин супориши сарвари давлат пеш аз ҳама ба ҷавонон ҳамчун ба қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа робита дорад.
Шарифӣ Абдулло-котиби ташкилоти ибтидоии “Исломшиносӣ”
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо