СУҒД. Аъзоёни гурӯҳи «Созанда»-и намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ашт тасмим гирифтанд, ки дар доираи аксияи ноҳиявӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем» бо мақсади дидорбинӣ ва расонидани ёрӣ ба корҳои хоҷагии шаҳрванд Имомназарова Рӯзигул-омӯзгори МТМУ №65, ки фарзандаш Абдуллоев Шаҳбоз айни замон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмати Ватанро адо намуда истодааст, ташриф оваранд. Зимни мулоқот Имомназарова Р. аз ташрифи гурӯҳи «Созанда»-и ТҶҶ «Созандагони Ватан» ниҳоят мамнун гардида, қайд кард, ки ман ҳамчун модари сарбоз ифтихор аз он дорам, ки фарзанди ман Абдуллоев Шаҳбоз хизмати ҳарбиро бо сари баланд адо намуда истодааст. Хизмат дар сафи Қувваҳои муссалаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписар мебошад ва ҳар як ҷавонмард бояд ин мактаби мардонагӣ ва матонатро гузарад. Сипас, гурӯҳи «Созанда» ба корҳои хоҷагии Имомназарова Р аз ҷумла рӯбичини ҳавливу хона ва дигар корҳои хоҷагӣ ёрӣ расониданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо