ДУШАНБЕ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 тибқи супоришҳои протоколии маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии пушидани сару либоси фарҳанги бегона бо хонандагон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар он таъкид гардид, ки ҳамчун намояндаи миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг набояд ба фарҳангу таърихи хеш бетаваҷҷуҳиву бетафовутӣ зоҳир намуд, балки онро тарғибу ташвиқ ва ҳифз бояд кард. Ҳамзамон, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми волидайн, муқаддасот одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми забону фарҳанги миллӣ, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бедорию зиракии сиёсиву фарҳангиро мехоҳад, ибрози андешаронӣ карда шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо