ХАТЛОН. Тибқи нақша чорабинии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Кӯшониён, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Кӯшониён Асроров С ва корманди шуъбаи маориф Назарзода Азиза инчунин омузгорони муассиса баргузории суҳбатҳо ба хотири ташаккули мафкураи сиёсии хонандагон зери шиори “Садоқат ба ватан мароми мост” бо ҷавонони маҳал бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо дар мавзуҳои омухтани таърихи миллату давлати тоҷик ба хотири хифзи манфиятҳои миллӣ ва ҳимояи давлату миллат, огоҳонидани ҷавонон аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ҷалби онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ, ки ақидаҳои нопоку хоинонаи ин гуруҳҳо барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, бо роҳи фиреб ҷалб кардани ҷавонон аз чониби шахсони ифротгаро ва истифодаи онҳо барои манфиаҳои худ, садокат ба ватан тули таърих дар корнамоиҳои қаҳрамонони миллат ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон, омӯхтани илму дониш ва техналогияи муосир ба хотири мутобиқ сохтани ҷомеаи имрӯзаи кишвари азизамон ба ҷомеи пешрафтаи ҷаҳонӣ, таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ва сабақҳо аз даврони ҷанг, пайрави аз конунҳои амалкунандаи барои манфияти чомеи имрӯза ва ба хотири омода намудани ҷавонону наврасонро дар руҳияи инсондустӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.
Боиси хушҳолӣ ва вараҳмандист. ки дар даврони соҳибистиқлолӣ баробари дигар кишрҳои ҷомеа ба ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами Миллат зоҳир гардида, имконоту шароити мусоид барои рушди зеҳнии онҳо вароҳам оварда шудааст.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст.
“Итминон дорам, ки ҳар кадоми шумо чун фарзанди асил барои таъмини истиқлолияти озуқаворию энергетикӣ, аз бумбасти каммуникатсионӣ баровардани кишвар, рушди устувори иқтисодиёт ва пешрафти Тоҷикистон заҳмат кашида, Ватани азизи худро ба кишвари муттарақи табдил хоҳед дод. Имрӯз халқи тоҷик ва ҳамаи мо боварии комил дорем, ки шумо-ҷавонон ин масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо хоҳед кард”.
Хонандагон аз баргузории чунин вохӯрӣ неруи тоза гирифта, бо тарзи нишаст ва диққат додани рафти маҷлис мушоҳида гардид, ки минбаъд саъю талоши худро барои ободи ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор хоҳанд буд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо