СУҒД. Роҳи расидан ба давлатдории худ, ҳифзу ҳимояи нангу номуси миллӣ, садоқату шуҷоат, хидмат ба халқу Ватан аз вижагиҳое ба шумор меоянд, ки аз ибтикор ва иродаи қавии ҳар шаҳрванди меҳанпарасту меҳаноро сарчашма мегирад.
Имрӯз дар Тоҷикистони азиз маҳз матонату фидокории сарбозони Ватан аст, ки ваҳдату ҳусни тафоҳум барқарор гардида, мақому нуфузи кишвар дар байни давлатҳои ҷахон афзун ва устувор мегардад.
Ҳифзи Ватан рисолат ва қарзи шаҳрвандии мост! Аз ин рӯ, тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хучанд хоса шуъбаи кор бо ҷавонон тасмим гирифт, Рӯзҳои «Дарҳои кушод»-ро дар кисми ҳарбии 3501 роҳандозӣ намояд. Бо ҷалби хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯрӣ бо ҳимоятгарони Ватан, тарзи ҳаёти ҳарбии онҳо, омодагӣ ва тайёрии харбӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон сарбозони РКД ВКД 3501 аз таҷрибаҳои андухтаи хеш, бурду бохти ҳаёти афсарӣ ба толибилмон нақлҳои воқей намуда, эшонро ба ҳифзи марзу буми Ватани азиз даъват намуданд.
Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов ширкат варзида, таъкид намуд ки маҳз афсарони шуҷоъ ва далер такягоҳ ва сипари боэътимоди давлату миллат ва Артиши миллӣ маҳсуб меёбанд, ки дар амну оромии кишвар сахмгузоанд.
Бояд тазаккур дод, ки ба афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 3501 аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд китобҳои илмӣ - оммавӣ чун барги сабз ҳадя карда шуд.
Бо сухани хотимавӣ ичрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кор бо чавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсончон Исоев баромад намуда, оид ба масоили хештаншиносӣ ва ватанпарастии ҷавонон, моҳияти аслии ватандорӣ ибрози ақида намуд. Ва афзуд: “Ватан мояи ифтихори мост. Садоқату вафодорӣ, матонат рисолати аслии мо, ҷавонон дар ҳифозати кишвари азиз бояд бошад. Зеро Модар - Ватан аз мо - фарзандони баору номус ва ҷонфидо умедҳои калон дорад. Мо ба ин бовариву эътимод бояд сазовор бошем ва бо қавлу амаламон онро дар амал татбиқ намоем!”
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо