ДУШАНБЕ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва ҷадвали сӯҳбату вохӯриҳои ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 дар мавзӯи "Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ" вохӯрӣ доир гардид.
Дар он Шамсов Саидалӣ – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нуров Мамадназар – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронї намуданд.
Иштирокчиён зимни баромади хеш дар мавриди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани савияи дониши онҳо, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо