АНДЕША. Ҷомеаи ҷаҳони пур аз фитна ва дасиса ва бозиҳои сиёсӣ гардида истодааст, ки ин раванд дар пайи худ ба кишварҳои амн низ бетаъсир нахоҳад гузошт. Ҳамарӯза тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои тундраву зидди давлатӣ бархе аз ҷавонону сокинони бо ҳар роҳу восита ба доми худ шомил карда, бехабар аз ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳо, ки бо ном ҳамчун давлати исломӣ бар зидди давлату ҳукумат меҷанганд. Тоҷикистони азизи соҳибистиқлоли мо бо дигаргуниҳои куллии хеш бо дигар қавму миллатҳо, хусусан гурӯҳҳои мухолифро водор ба он менамояд, ки ин ҳама пешравиҳои назаррас бозгӯи муттаҳидии ҳалқи шарифи ватандӯст бо номи тоҷик буда, ҳеҷ фишор ва ғаразҳои манфӣ наметавонад ба ҳолати равонии ҷомеа таъсири хешро гузорад. Солҳои охир яке аз мушкилоти ҷиддие, ки ҷомеаи ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, ин терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб мебошад. Барои ба ҳадафҳои ғаразноку берун аз доираи инсонӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистию террористӣ аз номи поки дини мубини Ислом сӯиистифодаю таблиғоти динӣ намуда, шаҳрвандони гуногуни ҷаҳонро, аз ҷумла ҷавонони соддаю зудбоварро бовари мекунонанд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ҳамин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро ҳам доғдор намуда ва ҳам барои ба ҳадафҳои ғаразноки хеш ноил шудан истифода бурда, бо ном ҷиҳод бар зидди давлату миллатҳои орому осуда ҷанганд.
Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо яке аз хатарҳои ҷиддӣ, ин шомилшавии ҷавонон тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Асосан қишри ҳассосманди ҷомеаи имрӯзаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бисёре аз ҷавонони гумроҳгашта қурбони терроризму ифротгароӣ дар ин ё он минтақа гашта, падару модари хешро ғамзадаю мотамзада намуда, номи миллати худро дар арсаи байналмилалӣ доғдор месозанд. Имрӯзҳо роҳбарияти Олии кишвар, Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуби замони муосир, яъне шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо тамоми ҷидду ҷаҳди хешро равона намуда истодааст. Ва дар ҳар як баромади хеш такрор ба такрор зикр менамоянд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба ҳамин гуфтаҳо мебояд, ки ҷавонони бофарҳангу боору номуси миллат фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагардида, аз пайи илмомӯзию ободии меҳану давлати азизи хеш гашта, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор рафта, ҳеҷ як инсони солим фикру соҳибаклро ором гузошта наметавонад, зеро он боиси ноамнӣ ва сарсонию саргардонии миллатҳо мегардад. Маънои калимаи терроризм аз нигоҳи илми ҳуқуқӣ чунин омадааст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Имрӯзҳо тариқи телевизиону радио мебинему мешунавем ва тариқи сомонаҳои интернетӣ мехонем, ки аксаран дар давлатҳои исломӣ чунин амалҳои хунину террористӣ ташкилу барпо гашта истодаанд. Дар амалҳои ғайриинсонию беруназшариатӣ, ҷавонону наврасон ҷалб карда мешаванд, зеро ин қишри ҷомеа зуд ба ин амалҳо ворид мешаванду қурбонии чунин ҳолатҳои нангин мегарданд. Далели чунин гуфтаҳои боло, амали номатлуби ноҷавонмардонае, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара бо пахш намудан ва куштори бераҳмонаи 4 сайёҳи хориҷӣ аз ҷониби чунин ҷавонону ашхоси ватанфурӯши гумроҳгашта содир карда шуд. Чунин амалҳои номатлуб ва ғайриинсонӣ ҳар рӯз дар тамоми давлатҳои мусулмонии ҷангзада рӯх медиҳанд, ки ҳазорон-ҳазор бегуноҳон ҷони худро аз даст додаю кӯдакон ятиму бесарпаноҳ мегарданд. Ифротгароии динӣ, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат ва бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад. Ва чунин ҳам мегуянд, ки: “Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айбе, ки ҳаст дар мусулмонии мост”. Пас дар воқеъ мебояд, ки ҳар як ҷавони солимақл андеша ва шукронаи онро намояд, ки дар чунин ватани осоишта, соҳибистиқлол ва ободу зебо зиндагию умр ба сармебард.
Раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ (ТТЭ ҲНИ) Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кишварҳои Аврупо зиндагӣ дорад, ҳамчун як хоини миллат ва ватанфурӯш ба шумор меравад. Ӯ ва пайравонаш имрӯзҳо дар паи гумроҳ намудани ҷавонон ва омода намудани онҳо ба сафи гурӯҳҳои террористию ифротгаро чи дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ҳар роҳу восита талош намуда истодаанд. Вале, набояд фаромӯш кунанд, ки имрӯз Тоҷикистон чун Тоҷикистони солҳои қаблӣ нест, Роҳбарияти кишвар ва мардуми шарифи он намегузорад, ки чунин хоинону ватанфурӯшон ба сулҳу суботи кишвари азизамон халал ворид созанд.
Бо қаноатмандӣ ва итминони комил гуфта метавонем, ки мо сокинон ва ҷавонони саодатманди ин диёри ободу зебо ҳамеша дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро содиқ буда, якдилона пайравӣ менамоем. Баҳри ҳифзи марзу бумаш ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат мебандем.
Асҳобиддини Шералӣ- раиси ташкилоти
ибтидоии “Истеъдодҳо”
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо