ДУШАНБЕ. Дар асоси супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77 вохӯрӣ доир гардид.
Дар он Зуҳурова Заррина – мудири шуъбаи кор бо занон, Қурбонмамадова Қурбонгул-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон, доир ба пешгирӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, кушода шудани сарҳади ду кишвари ҳамсояву дӯст Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо