ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи ТҶҶ Созандагони Ватан» дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳия вохурӣ бо ҷавонони деҳаи Ваҳдат баргузор гардид. Дар ин вохурӣ кормандони масъул атрофи масъалаҳои доғдори руз, ки тамоми мардуми кишварамонро ба ташвиш овардааст суханрони намуда, ҷавононро ҳушдор доданд, ки зираки ҳушёриро аз даст надода баҳри ободонии кишвари худ содиқ бошанд. Инчунин ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифроти шомил нашуда, чунин ҷавонони гумроҳгаштаву сустиродаро аз ин роҳ гардонанд ва ба роҳи ватандӯсти ҳидоят намоянд.
Дар ин мавзуъ ҷавонони деҳаи мазкур низ фаъолона иштирок намуда Барнома ва мақсади ТҶҶ «Созандагони Ватанро» дастгири ва ҲХДТ-ро ҷонибдори намуда, зикр намуданд, ки ҳаргиз мо ҷавонон мубтало ва пайванди тероризуму экстремизм ва амалҳои нопоку бадхоҳонаи онон нагардида баракс бар зиди онон мубориза хоҳем бурд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо