ХАТЛОН. Вохурии судманд аз ҷониби намояндаги ва масъулини ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳия суҳбату вохури баргузор гардид. Дар баргузории вохурии ҷавонони фаъол аз ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот даъват гардида ба онҳо маърузаҳои ҳизбӣ шунавонида шуд. Мудири шуъбаи ТИМ-и КИ ҲХДТ ва муовини ТҶҶ «Созандагони Ватан» оиди САФ ҲХДТ, пешгирӣ аз амалҳои экстримистӣ-терористӣ, инчунин дар бораи бузургворони гузаштаи мардуми тоҷик маликушуарро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ дар байни ҷавонон маъруза пешниҳод намуданд. Дар фарҷоми вохурӣ фикру дархостҳои иштироккунадагон аз тарафи масъулин шунида шуда боз ҳам фаъол будани ҷонибдорони ҲХДТ дар вохурӣ маънидод гардид. Аз тарафи ҷавонони фаъоли ин ҷамъомад 6 нафар ихтиёран ба сафи волантёрҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» қабул карда шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо