ХАТЛОН. Тибқи нақшаи тасдиқ намудаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг муовини раиси ТҶҶ “Созандагони ватан” дар ноҳияи Ховалинг, дар якҷояги бо нозири калонӣ ХПҲНҶ ШВКД дар ноҳияи Ховалинг маёрӣ милитсия Кабудзода Қ. К дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №5 бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони ватан” суҳбат гузаронданд. Муовини раиси ТҶҶ “Созандагони ватан” дар ноҳияи Ховалинг Алиев Сафархон суҳбатро оғоз намуда дар мавзӯи «Хатарҳои терроризм ва экстримизм» маъруза кард. Ӯ дар баромадаш қайд намуд, ки терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон- дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд. Алакай механизми сӯистифодаи дин аз тарафи экстремистон, террористон маълум аст: як гӯруҳ ҷангҷӯёнро бо пардохти маблағҳои калон гирд меоранд ва беибо тамоми амалҳои ваҳшиёнаву ғайриинсониро зери кадом шиори дине, ки хоҳад амали мекунанд ва пушти ақидаҳои динӣ ҷиноятҳои содиркардашонро пинҳон дошта, ҳамаи инро аз "қонуни шариат " мегуянд. Аз таърих то имрӯз аксарияти амалҳои террористӣ, экстремистӣ бо иштироки «намояндагон»-и дини ислом гузаронида шуда аст. Савол ба миён меояд, ки сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба назари донишмандону таҳлилгарон, аз баски дин (новобаста аз шаклу хусусият) яке аз ҳассостарин ҷанбаи ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, тахрибкорони андешаи солим маҳз аз ин роҳ мехоҳанд ба осонӣ миёни мардум ихтилоф ангезанд. Аз ин хотир вазифаи ҷонии ҳар яки мо аз он иборат аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода баҳри боз ҳам зебову гулгулшукуфо шудани Ватани азизамон тамоми саъю кушишӣ худро ба харҷ диҳем. Нозири калонӣ ХПҲНҶ ШВКД дар ноҳияи Ховалинг маёрӣ милитсия Кабудзода Қ. К (дар акс) доир ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ибрози ақида кард. Ӯ дар баромадаш ҳозиринро аз хатарҳои афзояндаи терористиву экстремистӣ, ки то рафт доман паҳн менамояд, амалҳои хоинонаи саркардагони ТТЭ ҲНИ аз хориҷи кишвар нисбати давлату ҳукумати тоҷик, қатли сайёҳони хориҷӣ бо дастури душмани миллат М.Кабирӣ ва бо дасти террористон дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара , бо овардани мисолҳо шинос намуда , хонандагонро барои бозҳам хубтар хондан ва зиракии сиёсиро аз даст надодан, ва ҳифз намудани тинҷиву оромии мардум аз таҳдидҳои терористон ба муборизаи дастаҷаъона даъват намуд.Дар охир иҷрокунандаи вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами № 5 баромад намуда барои чунин як сӯҳбати пурмӯҳтаво ба намояндагогни ТҶҶ “Созандагони ватан” ва маёри милитсия миннатдорӣ намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо