ХАТЛОН. Тибқи накшаи тасдиқнамудаи намоягдагии Ташкилоти Ҷамъияти Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ш. Леваквант таърихи 24- сентябри соли ҷори вохурӣ бо ҷавонони шаҳр бо максади ташакули мафкураи сиёсии онхо тахти унвони «Садокат ба Ватан мароми мост» вохурӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ, Ризомова Гуландом ва мудири шуъбаи таблигот иттилоот ва матбуоти Кумита иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Валиев Сухроб иштирок карда суханрони намудаанд.
Ризомова Гуландом рохбари ТҶҶ«Созандагони Ватан»-и Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар баромади худ доир ба мавзўи «Фаъол гардонидани аҳоли дар самти пешгири аз бегонапарастию майл ба фарханги бегона бо максади хифзи ҳуввияту асолати милӣ», сухан рондаанд. Дар рафти суханрони ба аҳли нишаст иброз доштанд, ки асосгузори Сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои балландӣ миллатсози дорад ва татбиқи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.
Миллати тоҷик дар саргузашти таърихии худ борҳо ба рўзгори ошуфтабор
Эътимоди бузурги Пешвои миллат ба мо ҷавонон нерўву тавон мебахшад ва дар навбати худ мекўшем дар роҳи амалӣ сохтани ҳадафҳои олии давлатсозии миллӣ аз худ масъулияти дучанд нишон диҳем.Валиев Сухроб мудири шуъбаи таблигот иттилоот ва матбуоти Кумита баромад намуда қайд карданд, ки ҳар як фарди тоҷик алалхусус ҷавонон бояд барои Ватан, давлат ва миллати худ содиқона хизмат намояд ва ба қадри истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бирасанд.
Ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки асрҳои аср барои ба даст овардани Истиқлолияти Ватани азизамон Ҳукумати Тоҷикистон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳамаи мову Шумо ва бахусус ҷавонон мебошад.
Қайд карданд, ки чуноне ҳамаи Шумо медонед, ҷавонон дар ҳама давру замон нерўи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барномаҳои миллии хешро такя ба ин нерўи созанда тарҳрезӣ намуда, ҷавононро дар маркази сиёсати давлатии худ ҷой медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ѓамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодааст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо