ХАТЛОН. Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”-и дар ноҳияи Балҷувон бо ширкати васеъи ҷавонону духтарон-аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” озмун бахшида ба “Рўзи Рўдакӣ” баргузор гардонида шуд.
Озмуни мазкур аз панҷ шарт иборат буда, иштирокчинёни озмун ба тамоми шартҳои озмун тайёрии ҳамоҷониба дида, аз тарҷумаи ҳоли устод Рўдакӣ, қасида, шеър, рубои, панду андарз ва суханони шоирону бузургон дар васфи устоди шоирон Рўдакӣ баромад намуда, шеъру ғазалхони ва қасидаву рубоихони аз ашъори пурмазмуну пурмаҳтавои шоир бори дигар ёдовар гардида, қироат намуданд.
Дар охир ба ғолибони озмун туҳфаҳои таъсис намудаи ташкилоти ибтидоии Дониш №1 ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” супорида шуд.
Дар ҳақиқат таърихи ҳазорсолаи адабиёти навини тоҷик, ки давоми бевоситаи адабиёти қадими он аст, бо номи асосгузори он устод Рўдакӣ вобаста мебошад. Рўдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина ба унвонҳои ифтихории қофиласолори назми форс,соҳибқирони шоирӣ, устоди шоирон ва одамшшуарро ёд мекунанд. Ин аст, ки Рўзӣ устод Рўдакиро то ба имрўз миллати сарбаланди тоҷик бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо