ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонони «Созандагони Ватан» дар ш. Леваквант рўзи 24- сентябри соли ҷорӣ вохурӣ дар доираи васеи ҷавонони шаҳр бо мақсади баланд бардоштани ташакули мафкураи сиёсии онхо тахти унвони «Соҳибистиқлолӣ-кафолати ҳифзи шарафу номўси миллат» вохурӣ баргузор гардид. Дар вохурӣ Валиев Сухроб мудири шуъбаи таблигот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия, Ризомова Гуландом рохбари ТҶҶ«Созандагони Ватан»-и Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ш. Левакант иштирок доштанд.
Баромадкунандагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳамзамон атрофии аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хавфу хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгири аз он, пешгири аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимои баромад намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо