ХАТЛОН. Бахшида ба рӯзи бузургдошти маликушшуаро Абуабдулоҳ Рудак, бо ибтикори бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар муассисаҳои таълим, ва китобхонаҳои деҳоти ноҳия бо ширкати васеъи ҷавонону духтарон аъзои ТҶҶ “Созандагон Ватан” чорабиниҳои фарҳанг, ва маҳфилҳои Рудакихон, баргузор гардид. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 1, 26, 13, маҳфили Рӯдакихон, бо як шукуҳу шаҳомат баргузор гардид, хонандагон аз ашъори маликушуро Абуабдулоҳ Рӯдак, шеърҳо қироат намуда саҳнаҳои ҷолибе аз ҳаёти шоир бо як санъати баланд намоиш дода шуд. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек хонандагону омӯзгоронро барои дар сатҳи баланди фарҳанги баргузор намудани бузургдошти сар дафтари адабиёти тоҷику форс маликушуаро Абуабдулоҳи Рудак, таҳсину офарин гуфта, ба онҳо барору бурдбориҳоро таманно кард . Ба як гуруҳ хонандагону омӯзгорони фаъоли муассисаҳои талим, ифтихорномаҳо супорида шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо