ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали мувофиқа ва тасдиқгардида роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 24.09.2018 бо иштироки васеи ҷавонон бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯри дар мавзӯи «Садоқат ба Ватан мароми мост» баргузор гардид.
Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда қайд намуд, ки чуноне, ки аз воситаҳои ахбори омма ҳамаи мо аз ҳодисаи нагини дар ноҳияи Данғара вилояти Хатлон ба вуқуъ омада, ки боиси марги сайёҳони хориҷи гардид ва намоиши телевизонии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» бо назардошти иқрори яке аз саркардагони ҲНИ Аёмиддин Сатторов огоҳ шудем, душманони миллат бахусус гуруҳи муташаккили ҷинояткор бо дастури Ташкилоти экстемистии террористи Ҳизби Наҳзати Ислом, ба амал бароварда шуд.
Фаъолияти худро равона ба таҳким бахшидани давлатдории миллӣҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣҳисси ватандӯстиву ватандории ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус ҷавонону наврасон, ҳифзи ҳуввияти милл, ва арзишҳои волои халқи куҳанбунёдамон дар шароити ҷаҳонишавӣҳарчи бештар густариш додани фарҳанги сулҳу дўсти, якдиливу якпорчаги, ва корҳои созандагиву бунёдкориро дар байни мардум ба роҳ монда, барои пешрафт ва гул-гул шукуфоии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати амали намуданашон тадбирҳои заруриро меандешем.
Дар вохӯри намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Зоиров Ш . иштирок намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо