ДУШАНБЕ. Имрӯз мутобиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагони Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе дар мавзӯи "Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалби онҳо ба ТЭТ" вохӯрӣ доир намуд.
Нахуст, Исматулло Расулов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ сухани ифтитоҳӣ намуда, оид ба терроризму ифротгароӣ бо далелу рақамҳои мушаххас сухан кард.
Шамсов Саидалӣ – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни баромади хеш дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин одоби шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштанип гулгашту боѓҳо, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам, нашъамандию ифротгароӣ ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат суханронӣ намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо